Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурраҳмонхон

Абдурраҳмонхон

Абдурраҳмонхон (1844-1.10. 1901), амири Афғонистон (1880-1901), набераи амир Дӯстмуҳаммадхон. Солҳои 60 асри 19 ҳокими Тошкӯрғон буд. Барои тоҷу тахти Кобул бо амакзодаи худ Шералихон мубориза бурд. Соли 1869 шикаст хӯрда, ба Самарқанд омад ва ёздах сол истиқомат намуд. Баъди ҷанги дуюми байни Англия ва Афғонистон ба ватанаш баргашт, бо ёрии сардорон ва пешвоёни лашкари халқӣ соли 1880 соҳиби салтанати Кобул гардид.

Дар ахди Абдурраҳмонхон дар Кобул зарробхона, матбаа ва корхонаи калони саноатии «мошинахона» сохта шуд, ки аз тиру тӯпу аслиҳа то либосу афзори қувваҳои низомиро истехсол менамуд. Тамоми мансабҳои ҳарбӣ ва раиятӣ ба ӯҳдаи сардорон ва маликҳои қабилаҳои афғон вогузор шуда, халқхои ғайриафғон – то- чикхо, хазорахо, ӯзбекҳо ва ғайра ҷабру ситами беандоза мекашиданд ва бори вазнини сарфу харҷҳои бепоёни феодалӣ ба зиммаи онҳо буд.

Даромади хазинаи амир аз ҳисоби маҳсули дастранҷи заҳматкашон аз 1, 5 курур (I курур = 10 миллион) ба 7 курур рупия расид. Ба муқобили зулму бедодгариҳои феодалӣ дар бай­ни ғилзоихо, вардакҳо, ҳазораҳо, бадахшониҳо, фирӯзкӯҳиҳо, балучҳо ва ғайра борҳо шӯру ошӯбҳои халқӣ ба амал омад. Ӯ унвони фахрии «Зиёи миллату дин»-ро гирифт, лекин халк ӯро «амири сиёх» меномид.

Сиёсати хориҷии Абдурраҳмон таҳти назорати хукумати Англия қарор гирифт. Абдурраҳмон  шартномаи нангини Гандумак ва «Хати Дюранд»-ро тасдик намуд, сарнавишти миллионҳо паштунҳои сарҳадоти шим. ғарбии Ҳиндустонро ба дасти англисҳо супурд ва гунаҳкори ба вучуд омадани масъалаи Паштунистон гардид. Абдурраҳмон  дар натичаи сӯиқасди дарбориён кушта шуд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …