Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурраҳмони Ӯротеппаӣ

Абдурраҳмони Ӯротеппаӣ

Абдурраҳмони Ӯротеппаӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (нимаи дуюми асри 19). Дар гузари Чармгари Ӯротеппа дар оилаи Муҳаммадбой ном шахси олиму фозил ба дунё омад. Баъди дар зодгохаш соҳиби маълумоти ибтидоӣ гардидан, барои такмили дониш ба мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро меравад.

Дар Мадраса Абдурраҳмон Ӯротеппаӣ, дар баробари омӯзиши илмҳои замон навиштани хатҳои кӯфӣ, рикоъ, сулс, райҳон, насх ва настаълиқро ҳамроҳи шарикдарсу ҳамдиёраш Мирякуби хаттот машқ мекард.

Сипас дар андак муддат Абдурраҳмон Ӯротеппаӣ  дар хаттотӣ шӯҳрат ёфта, китъаҳои ҷудогона ва асархои мукаммалро китобат менамуд. Хусусан, девони Мавлоно Шоҳмуҳаммад Саломатуллоҳи Кашфии Минавиро хеле зебову хоно китобат кардааст. Ин китоб дар китобхонаи шахсии Файзуллоев Б. маҳфуз аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …