Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурраҳмони Xоразмӣ

Абдурраҳмони Xоразмӣ

Абдурраҳмони Xоразмӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1462), хаттот ва хушнависи форс-тоҷик (асри 15). Яке аз устодони маъруф ва муваффақи хати настаълик.  Бештари умраш дар Шероз ва Бағдод гузаштааст. Чанде ҳам- роҳи писараш Абдурраҳим дар дарбори Яъқуб ибни Ҳасан Оққуюнлу (хукмронии 1478 – 90) хидмат кардааст.

Аз рӯйи яке аз дастхатҳои дар Музейи осори турк ва ислом (Истанбул) махфузбудаи Абдурраҳмони Xоразмӣ маълум мешавад, ки ӯ солҳои 50 асри 15 дар дарбори ҳокими Шероз Пир Будоқ ибни Ҷаҳоншоҳи Қарокуюнлу низ хаттотӣ кардааст. Бино ба маълумоти муҳаққикон Абдурраҳмони Xоразмӣ китобатро соли 1436 оғоз намуда, охирин намунаи осори дастрасшудаи ӯ ба сои 1462 тааллуқ дорад.

Сабк ва услуби хати настаълиқ, ки Абдурраҳмони Xоразмӣ истифода бурдааст, асосан дар Шероз паҳн шуда, сипас аз ҷониби дигар хаттотон идома ёфтааст. Таъсири сабки Абдурраҳмони Xоразмӣ ба ҳунари хаттотӣ ва хушнависии Эрон то ба ҳадде будааст, ки ҳатто дар замони ташаккули мактаби нави настаъликнависон дар Ҳирот ва шахрҳои дигари Хуросони он рӯзгор услуби Абдурраҳмони Xоразмӣ ҳамчун хати намуна ҳифз шудааст.

Бино ба ақидаи Қозӣ Аҳмад («Гулистони хунар») Абдурраҳмони Xоразмӣ дар Шероз устоди ягона ва беназири хати настаълик будааст. Сабк ва услуби хаттотии Абдурраҳмони Xоразмӣ ба инкишофи хунари настаъликнависии Шероз ва Ҳирот таъсири босазое гузоштааст.

Адабиёт: Казн Ахмед, Трактат о калиграфах и художниках, Москва-Ленинград, 1947; Энцикпопедияи адабиёт ва санъати точик, ҷилди I, Душанбе, 1988; А ш р а ф ӣМ ., Миниатюра: От Бехзода до Ризай-и Аббаси.Душанбе,2011.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …