Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абрурраҳмони Танбӯри

Абрурраҳмони Танбӯри

Абрурраҳмони Танбӯри Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), оҳангсоз, сароянда ва навозандаи машҳури тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Самарқанд. Бино ба ахбори «Рисола дар баёни «Шашмақом» (1896) санъати овозхонию сознавозиро аввал дар зодгоҳаш фаро гирифта, барои такмили ҳунар ба Бухоро рафтааст.

Дар он ҷо бо Қорӣ Каромати Дилкаш, Аҳмади Дониш ва дигар аз наздик шинос шуда, дар муддати кӯтоҳ асосҳои илмию амалии мақомҳо, алалхусус танбӯрнавозиро меомӯзад. Тамоми нозукиҳои «Шашмақом», аз ҷумла «Мушкилот» ва қисмати «Наср»-и онро хуб медонистааст.

Абрурраҳмон чун на возанда ва сарояндаи соҳибистеъдод аз мақоми «Бузург» шохаҳои «Таснифи Бузург», «Тарҷеи Бузург», «Гардуни Бузург», «Мухаммаси Насруллоҳӣ», «Сақили ислимӣ», «Сакили Султонӣ», аз мақоми «Рост» – «Таснифоти Рост», «Гардуни Рост», «Мухаммаси Рост»; «Мухаммаси Ушшоқ”, «Мухаммаси Панҷгоҳ»; аз мақоми «Наво» – «Таснифи Наво», «Тарҷеи Наво», «Гар­дуни Наво», «Нағмаи Ораз», «Му­хаммаси Наво», «Сакили Наво», аз мақоми «Дугоҳ» – «Таснифи Дугоҳ», «Тарчеи Дугоҳ», «Гардуни Дугоҳ», «Пешрав», «Самоии Дугоҳ», «Му­хаммаси Дугоҳ», мақомҳои «Сегоҳ», «Ирок» ва бисёр оҳангҳои халқиро бо маҳорати тамом менавохтааст.

Абдурраҳмон инчунин дар асоси зарбу навои мақомҳо асарҳои созию овозӣ тасниф кардааст, ки аз байни онҳо махсусан «Савти танбӯр», «Амали Бахор», «Мухам­маси Абдурраҳмон» маъмулу машҳур будаанд.

Адабиёт: Баёзи Шашмақом, Душанбе„ 2008; Донишномаи Шашмақом, Душанбе, 2009.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …