Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурраҳмони Самарқандӣ

Абдурраҳмони Самарқандӣ

Абдурраҳмони Самарқандӣ, Мирзо Мулло Абдураҳмон ибни Муҳаммадлатиф Мустаҷири Самарқандӣ (соли таввллуд ва вафот номаълум), сайёҳ, мутарҷим, роҳбалад ва ҳамкори олимони рус дар омӯзиши этно­графия ва географияи Осиёи Миёна.

Абдурраҳмони Самарқандӣ аслан тарҷумон ва роҳбалади шарқшинос ва географи рус Абдурраҳмони Самарқандӣ А. Л. Кун дар Экспедитсияи Искандаркӯл (1870) дар болооби дарёи Зарафшон (аз ноҳияи Панҷакент то деҳаи Палдорики навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ ва водии дарёи Ягноб буд.

Хотироташро бо номи «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» (аз 25 апрели то 27 июни 1870) таълиф намудааст, ки он барои омӯхтани таърих, забон, расму ойини халқҳои Осиёи Миёна, хусусан халқи тоҷик арзиши муҳими илмӣ дорад. Абдурраҳмони Самарқандӣ  ба Бухоро, Шаҳрисабз, Хева низ сафар карда хотироташро навиштааст.

Дар сафарномаи туркистониаш (1873) дар бораи кӯчидани баъзе қабилахо ва ба Хоразм омадани туркманҳо, маълумоти арзишманд додааст. Ӯ соли 1872 баъди тамошои Намоишгоҳи поли­техникии Москва хотироташро ба унвони «Рӯзномаи виставкаи Маскоб» таълиф кардааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …