Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурраҳмони Офтобачӣ

Абдурраҳмони Офтобачӣ

Абдурраҳмони Офтобачӣ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз роҳбарони шӯриши халқии солҳои 1873 -76 дар хонии Хуқанд. Абдурраҳмони Офтобачӣро аввалҳо Худоёрхон ба вазифаи офтобачии дарбор (дар замони пеш ин вазифа обдор, дастархондор ва амсоли инҳо ном дошт) таъин карда  буд. Апрели 1873 дар навоҳии ҷанубу шарқии хонии Хӯқанд бо роҳбарии Муллоисҳоқ (маъруф ба Пӯлодхон) шӯриши халқӣ cap зад ва пас аз ду моҳ Худоёрхон Абдурраҳмони Офтобачиро бо сипоҳиён барои пахш намудани шӯриш фи- ристод, вале Абдурраҳмони Офтобачӣ  бо тамоми сипоҳиёнаш ба тарафи шӯришгарон гузашт.

Мутобиқи ҳадси муҳаққиқон Худоёрхон падари Абдурраҳмони Офтобачиро қатл кар­да будааст ва ин амал қасос аз Худо­ёрхон қаламдод мешавад. Пас аз чанде барои расидан ба тавофуқ ва амн Абдурраҳмони Офтобачӣ аз фаъолони шӯриш 40 нафар вакилро ба назди Худоёрхон фиристод, вале ӯ ҳамаи вакилонро қатл на­муд. Пас аз ин воқеа шӯриш вусъат ёфт; шӯришчиён Уш, Намангон, Андиҷон, Ассакӣ ва Олтинариқро тасарруф намуданд. Писари хурдии Худоёрхон – Муҳаммадаминбек низ ба шӯришчиён пайваст.

Худоёрхон ба вазъияти ногувор афтода, аз генерал- губернатори Туркистон мадад хост. 22 июли 1875 байни лашкари хон ва шӯришчиён задухӯрди шадиде ба амал омада, Худоёрхон шикаст хӯрд ва бо наздиконаш аз тариқи Хӯқанд вориди Тошканд шуда, худро тобеи ҳукумати Россия намуд. Ҳокими Хӯқанд Насриддинбек – писари калонии Худоёрхон хони Хӯқанд эълон гардид. Вале шӯришчиён пайваста зидди хони Хӯқанд ва қувваҳои низомии русӣ мубориза мебурданд. Оқибат январи 1875Абдурраҳмони Офтобачӣ  ба генерал- губернатори Туркистон таслим ва зери маъмурияти Россия паноҳанда шуд. Феврали 1876 қувваҳои низомии генерал-губернатори Туркистон ин шӯришро саркӯб карданд ва хонии Қӯқанд низ аз байн рафт.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …