Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурраҳмони III

Абдурраҳмони III

Абдурраҳмони III (891 – 961), амир (912) ва баъд халифаи Куртуба аз соли 929. Ба Абдурраҳмони III лақаби «Ғолиб» (ан-Носир) гузошта буданд. Аморатро, ки аз тарафи собиқадоронаш суст ва пароканда шуда буд, барқарор кард.

Соли 931 Сеута, 932 Толедоро забт намуд. Аз соли 955 Леон ва Навар­ра ба Абдурраҳмони  III хироҷ месупориданд. Бо Византия ва императори «Империяи Рими муқаддас» Отгони I муносиботи дипломатӣ дошт. Гвардияи устувору пурқуввате аз ҳайати ғуломони европоӣ ташкил дод, ки онҳоро «сақалиба» меномиданд.

Флоти пуриқтидортарин дар Баҳри Миёназамин таъсис дода, сохтмонро низ хуб ба роҳ монд. Замони Абдурраҳмони III қароргоҳи берун аз шаҳрӣ бо номи «Заҳра» сохта шуд, сохтмони масҷиди Кордова оғоз гардид. Ҳокимияти Абдурраҳмони III, қуллаи баландтарини ҳокимияти Умавиёни Куртуба ҳисоб меёбад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …