Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурраҳмон Бараки Муншӣ

Абдурраҳмон Бараки Муншӣ

Абдурраҳмон Бараки Муншӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хат­тот ва хушнависи форс-тоҷик (асри 15). Аслан аз Бухорост. Асарҳои бисёреро китобату хаттотӣ намудааст. Соли 1464 бо супориши амир Субҳонқулихон «Бахр-ул-хавос» ном аса­ри Неъматуллоҳ Ҳокими Кирмониро бо хати хоною зебо китобат карда­аст.

Мутаассифона, асар аз рӯи нус­хаи асл китобат нашуда, баъд тавассути хакимони нуқтадон Ҳоҷӣ Амин, Охунд Муллоғафур, Хоҷа Яъқуби Китобдор ва Мир Муҳаммади Муншӣ зимни нусхаи асл ислох гардида, ки дар натиҷа хусни хати Абдурраҳмон кадре коҳидааст. Бо вучуди ин асар қимати худ­ро гум накарда, дар хушхатӣ назир надорад. Дигар намунаҳои осораш то имрӯз маҳфуз намондаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …