Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураззоқ ибни Шиҳобудцини Фазлуллоҳ

Абдураззоқ ибни Шиҳобудцини Фазлуллоҳ

Абдураззоқ ибни Шиҳобудцини Фазлуллоҳ (Хона Ҷалолуддин)-и Боштинӣ, аввалин амири сарбадорони Хуросон (1337 – 1339). Лақаби «Аминуддавла» доштааст. Дар дар­бори хони муғул Абусаидхон шуғли девонӣ дошт. Абдураззоқ шахси нерӯманду нанговар буд. Хони муғул Абусаид­хон қабл аз маргаш барои ҷамъ кардани амвол аз вилояти Кирмон Абдураззоқро ба унвони намоянда фиристод, лек Абдураззоқ хироҷи ҷамъкардаро барои худ харҷ кард ва ба зодгоҳаш Боштин баргашт.

Марги Абусаидхон ӯро аз ҷазо халос кард. Пас аз ин Абдураззоқ вазъияти мардуми шӯридаро фаҳмида, бар он сарварӣ кард ва ин шӯриш номи «қиёми сарбадория» ё тоифаи «Сарбадорон»-ро гирифт. Шӯриши «Сарбадорон» бо сардории Абдураззоқ хеле низом пайдо карда, овозаи он саросари Хуросон паҳн шуд. Абдураззоқ соли 1337 Сабзаворро тасарруф карда, ба маркази давлати нави худ табдил дод.

Дар кӯтоҳтарин муддат Родкон, Ҷувайн, Исфароин, Ҷоҷарм ва шаҳрҳои атрофро яке паси дигаре ги­рифт. Тақрибан дуюним сол дар сари қудрат қарор дошт ва ниҳоят аз тарафи бародараш Ваҷехуддини Масъуд кушта шуд. Сабаби қатли ӯро муаррихон натиҷаи ифрот ва фасод донистаанд.

Ад.: Петру шевекий И. П., Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII – XIV вв. М.

  • Л.; 1960; Петрушевский И. П., Наҳзати Сарбадорони Хуросон. Тарҷумаи Карими Кишоварз. Т., 1351.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …