Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурразоқи Лоҳиҷӣ

Абдурразоқи Лоҳиҷӣ

Абдурразоқи Лоҳиҷӣ Алӣ ибни Ҳусайн, мулаккаб ба Файёз (соли таваллуд  номаълум – вафот. 1661), намояндаи мактаби фалсафаи Исфаҳон ва ҳикмат мутаолиҳаи Эрон. Яке аз шогирдон ва домоди Садруддини Шерозӣ. Абдурразоқи Лоҳичӣ улуми замонаашро дар Мароға омӯхт, силас ба маркази ҳавзаи илмии аҳди Сафавия – Исфаҳон омада, ба омӯзиши улуми ақлию нақдӣ пардохт.

Ҳикмати мутаолиҳаро аз Садруддини Шерозӣ омӯхт. Масоили асосии ҳикмати машшоъ ва ишроқро хуб медонист ва муҳаққиқи машҳури илми калом низ шуда буд. Дар шоирӣ низ қувваозмоӣ кардааст. Шеър ҳам менавишт.

Абдурразоқи Лоҳиҷӣ асарҳои бисёре таълиф намуда­аст, ки муҳимтаринашон «Шавориқ», «Таълиқот бар шарҳи ишорот» ва «Гавҳари мурод» мебошанд. Шарҳу ҳошияҳои бисёре ба осори пешгузаштагону ҳамасронаш дорад. Яке аз онҳо «Ҳошия бар ҳавошии Урфӣ бар таҷрид» ном дорад. Бино ба маълумоти муҳаққиқон, ашъори Абдурразоқи Лоҳиҷӣ ба сабки Соиби Табрезӣ шабоҳати зиёд доштааст. «Гавҳари мурод» роҷеъ ба илми калом баҳс мекунад.

Муаллиф дар он масъалаҳои асолати моҳият ва вуҷудро шарҳ дода, ба баёни афкори ирфонӣ мепардозад ва таносуби маърифати зоҳирию ботиниро таҳқиқ намуда, навъҳои гуногуни кашфу завқи тасаввуфиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Аз мазмуни ин асар чунин бармеояд, ки Абдурразоқи Лоҳиҷӣ  ба ҳикмати ишроқу афкори тасаввуфӣ бештар майл дошта, шеваи онҳоро аз ақоиди аҳли назар (машшоиён) дар дарки ҳақиқат муассиртар медонистааст. Ӯ дар «Гавҳари мурод» дар ин бора менависад: «Одамиро ба Худои таоло ду роҳ аст – яке роҳи зоҳир ва дигаре роҳи ботин.

Роҳи ботин роҳест, ки аз он ба Худо тавон расид. Роҳи зоҳир роҳест, ки бад-ӯ Худойро тавон донист. Аз донистан роҳ бисёр аст то расидан. Таййи тариқаи ботин суубат дорад, вале роҳи зоҳир, ки роҳи истидлол бошад барои ҳамаи уқало маълум аст». Дар фалсафа Абдурразоқи Лоҳиҷӣ  таълимоти устоди худро пайравӣ карда, қоил ба ҳақиқати вуҷуд ва вахдати ҳақиқати он будааст. Дар осори фалсафиаш масоили иллату маълул, исботи ташкики (гумон) хоси вуҷуд, шиддату заъф ва гайраро баррасӣ намудааст.

Дар «Шавориқ» роҷеъ ба навъҳои ҳаракат таваққуф намуда, ҳаракати ҷавҳариро инкор кардааст. Дар ин бора ӯ менависад: «Ҳаракат дар мақулаи гавҳар мумкин нест, чун ҷавҳар зоти ҷисм аст ва ҳаракат дар зотиёт ҷоиз набошад». Дар ҳамин асараш Абдурразоқи Лоҳиҷӣ назари машшоиён, ишроқиён, мутакаллимон ва орифонро доир ба мавҷудияти одами барзах, сувари муртасима, нақши қувваи воҳима ва хаёл дар ҷараёни маърифат баён намудааст.

Абдурразоқи Лоҳиҷӣ  дар солҳои охири фаъолияташ дар мактаби Исфаҳон аз «Шавоҳид-ур-рабубия» ва «Мабдаъ ва маод»-и Мулло Садро ва «Шархи ҳикмати ишроқ» ба шогирдон дарс мегуфт. Шогирдони бисёре тарбия намудааст, ки Қозӣ Саиди Қумӣ аз машҳуртарини онҳо мебошад.

Ад.: Мунтахаботе аз осори хукамои илоҳии Эрон аз асри Мирдомод ва Мирфандрескӣ то замони муосир. ҷилди I – 4. Тошкент, 1352 – 1357, ҳиҷрии шамсӣ; Муқаддимаи Саид Ҷалолуддини Оштиёнӣ бар «Шавоҳид-ур-рабубия» -и Садриддини Шерозӣ. Машҳад, 1346, ҳиҷрии шамсӣ; Ҳазратқулов М. Философ­ские взгляды Садриддина Шерози, Душанбе, 1985.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …