Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурашитов Рашит

Абдурашитов Рашит

Абдурашитов Рашит (таваллуд 22. 7. 1935, шаҳри Қӯрғонтеппа), рассоми тоҷик. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе (1958). Шогирди Г. А. Кузмин ва В. М. Боборикин. Фаъолияти рассомиаш аз соли 1960 оғоз гардида, асарҳои аввалинаш нисбатан содаву одӣ ва бештар ба тасвири манзара бахшида шудаанд («Манзараи баҳор», «Дар гулгашта Театри тобистона», «Рӯзи офтобӣ», ҳар се – 1960). Пас аз сафа­ри эҷодӣ ба шаҳру деҳоти чумҳурӣ мазмуни мусавварахои Абдурашитов бой ва рангин гашта, доираи тасвираш низ тавсеа меёбад.

Минбаъд қаҳрамонони мусавварахои ӯ кӯҳканҳо, нефтчиён, пахтакорон, чӯпонон ва коргарони одӣ қарор мегиранд. Ҷустуҷӯи қаҳрамонон аз ҷӯшу хурӯши зиндагӣ ва тасвири боварибахши табиат ба мусаввараҳои рассом драматизми хос бахшида, боиси воқеиву табиӣ баромадани асарҳояш гардидаанд.

Дар мусаввараҳои «Мастчоҳиён»(1969,аз силсилаи «Фотеҳони замини Дилварзин») рассом чаҳор нафар деҳотаро тасвир намудааст, ки кӯҳсорро тарк карда, дар водӣ ба шуғли наву тарзи зиндагии нав пардохтаанд. Иттиҳоди мардум, иртиботи ботинӣ ва ягонагии рӯҳии онҳо зимни меҳнати якҷоя асоси мавзӯи мусаввараҳои «Фотеҳони замини навкорам» (1969), «Духтарон аз Панҷ» (1969), «Сӯҳбат» (1971) ва ғайра гардидаанд.

Рассом низоми зиндагиро дар меҳнат мебинад ва зим­ни фаъолияту зиндагии синфи коргар як силсила мусаввараҳои лирикиву таърихӣ ва маишӣ офаридааст: «Бетонрезон» (1970), «Бофандаҳо» (1972), «Эҷодкорон» (1972), «Тракторчӣ» (197), «Дар бригадаи Иванов. Алюминийи Регар» (1975) «Дар корхонаи рехтагарии «Тоҷикгидроагрегат» (1981), «Вахшстрой», «Дар оянда”(1984). Дар мусаввараҳои ба Нерӯгоҳи Барқии Обии Норак бахшидааш мардонагию матонат, қаҳрамонию фидокорӣ ва дӯстию бародарии мардуми советиро тасвир намудааст: «Шоми Но­рак» (1975), «Шаҳпаймои монтажчӣ» (1977), «Ҷавонон аз Тутқавул» (1978), «Шанбегӣ дар Норак» (1978), «На­вои хайрбодӣ бо Норак» (1983) ва ғайра.

Ҷустуҷӯҳои эҷодии солҳои охири Абдурашитов, дарки файласуфонаи олам, эҳсоси шоиронаи зиндагӣ, ҷилваи тафаккур василаҳои ба вуҷуд омадани як силси­ла асарҳои мураккаби рангинмавзӯю гуногунсохт гардиданд: «Қалъаи Сурх», «Буддо» (1981), «Муколама. Портрета Артиста халкии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Ҳошим Гадоев дар роли Гамлет», триптихи «Аз сурудҳои солҳои ҷанг» ва ғайра.

Абдурашитов дар давоми фаъолияти эҷодиаш (то соли 1986) бештар аз 150 асари рассомӣ ва зиёда аз 90 асари рассо­мии сиёхқаламӣ офаридааст. Абдурашитов иштирокчии бисёр намоишҳои асарҳои рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоки Советӣ ва хориҷа мебо­шад. Дорандаи Мукофоти комсомо­ли ленинӣ (1972).

Ба Руминия (1972), Республикаи Демократии Германия (1975, 1977), Афғонистон (1977), Непал (1979) ва Италия (1980) сафари ҳунарӣ кардааст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви Иттиҳоди Рассомони Тоҷикистон аз соли 1970. ‘ Б. Раҳматов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …