Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурашидов Исо

Абдурашидов Исо

Абдурашидов Исо (таваллуд 15. 3. 1947, деҳаи Сангонели ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), актёри театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Хатмкардаи факулте­ти санъати Институти давлатии педагогии Душанбе (1972). Актёр (1972 – 89) ва директори (1989 – 2008) Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. Аз соли 2008 ҳунарпешаи ҳамин театр ва ҳамзамон муаллими калони Донишгоҳи Давлатии Санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.

Абдурашидов дар саҳнаи театр ва кино зиёда аз 50 рол офаридааст. Ёдгор («Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ), Ҷунайд ва Саҳл ибни Мансур («Рӯдакӣ»-й Ғ. Абдулло), Қиёмиддин мударрис («Алломаи Адҳам»-и Сотим Улуғзода), Шпигелберг («Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер), Эдмунд («Шох Лир»-и Улям Шекспир), майор Собиров («Нахҳои печида»-и М. Холов), Муборакхон («Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло), домулло («Чорсӯ»-и Н. Табаров), Сталин («Драмаи миллат» ва «Ориёиро ёбед»-и С. Аюбӣ), гунг («Афсонахои мӯйсафед»-и Н.Абдуллоев), Рустам («Зуҳури навини Сӯҳроб»-и Ф. Умаров), Исмоили Сомонӣ (намоиши оммавии театри дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душан­бе ба муносибати 5-солагии Истиклолияти Тоҷикистон) ва ғайра намунае аз ролҳои офаридаи Абдурашидов дар саҳнаи театр мебошанд.

Абдурашидов дар кинои тоҷик низ ролҳои ҷолиб офаридааст: Азизбек («Воқеа дар аэропорт», режиссёр Ю. Юсупов), лейтенанти калон («Қапқон барои шағолҳо», режиссер Маҳмудов), Саид оҳангар («Дарди ишқ»-и режиссер А. Тӯраев), Абдураҳмонов («Маънии ҳаёт», «Ӯзбекфилм») ва ғайра. Ба шаҳри Москва (1997), Ҷумҳурии Исломии Эрон (1999), шаҳри Биш­кек (2004, 2005), Осетияи Шимолӣ (2001) сафарҳои хунарӣ кардааст. Узви Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон.  Н. Шарипов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …