Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурашидов Абдувалӣ

Абдурашидов Абдувалӣ

Абдурашидов Абдувалӣ Абдулмаҷидович (таваллуд 9.1.1959, Душан­бе), навозанда, донанда ва муҳаққиқи мусиқии тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001). Хатмкардаи мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе (1976) ва Консерваторияи давлатии Тошканд (1981). Баҳри такмили илму ҳунари хеш ва омӯзиши анъанаҳои мусиқии суннатии Шарқ, аз ҷумла анъанаи касбии шифоҳии «устод ва шогирд» дар Консерваторияи давла­тии Боку (1985) ва Донишгохи Теҳрон (1999) таҳсил намудааст.

Муаллими Донишгоҳи Давлатии Санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1981 – 93), ноиби президенти Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоқикистон (1993 – 95), ҳодими калони илмии ИЗА ба номи Рӯдакии Академияи Илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон (1995 – 98), мудири шӯъбаи санъ- атшиносии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998 – 2002), роҳбари бадеии Ансамб­ли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Ф. Шаҳобов (2002 – 04).

Ҳамзамон сарвари маркази мусиқии суннатии тоҷик «Наво» (аз соли 1993), Академи­яи макоми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2003), мактаби мусиқии бачагонаи «Шашмақом» (аз соли 2005) ва аз соли 2007 мудири шӯъбаи мусиқии анъанавии Консерватори­яи миллии Тоҷикистон. Абдурашидов навозандаи варзидаи мусиқии суннатии тоҷик дар созҳои танбур, сато, рубоб ва уд, муҳаққики назму мусиқии суннатии тоҷик – шашмакомшинос ва арӯзшинос мебошад. Дар мавзӯи «Танбур ва моҳияти он дар омӯзиши ташакулли пардаҳои мусиқии «Шашмақом» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст (1991).

Абдурашидов шохаҳои овозии «Шашмақом» — «Мушкилот» (иборат аз 48 оҳанг), аз ҷумла қисмҳои асосии он – Тасниф, Тарҷеъ, Гардун, Мухаммас, Сақил ва бахшҳои дигари он – Муноҷот, Сегоҳ, Ҷоргох, Наврӯзи Сабо, Сарахбори Наво ва ғайро хеле хуб менавозад ва қисме аз онҳоро сабт кардааст. Ӯ дар тарбияи насли нави иҷрогарони хирфаии мусиқии суннатӣ ва эҳёи анъанаҳои асили мусиқии «Шашмақом» – силсиласароӣ, «устод ва шогирд» низ саҳми хоса дорад. Соли 2007 ба ифтихори бузургдошти «Шашмақом» дастаи ҳунарии Академияи мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Абдурашидов бори аввал дар таърихи шашмақомсароӣ кулли навъи силсилаҳои қисми овозии «Наср»-и мусиқии «Шашмақом»-ро пайиҳам дар давоми 6 рӯз иҷро кард.

Абдурашидов иштирокчии чандин озмунҳои мусиқӣ, симпозум ва ҷашнвораҳои байналмилалии мусиқишиносӣ (Самарканд, Тошканд, Эрон), Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Рос­сия (2005), ЮНЕСКО (Париж, 2005), ҷашнвораҳои мусиқӣ дар Европа, Штатҳои Муттаҳидаи Америка мебошад. Дорандаи ҷоизаи байналмилалии Грэми (2008) аст. Бо ордени Дӯстӣ (2005) ва ордени Ситораи Командори Франсия дар рушди ҳунар ва суханварӣ (2005) сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …