Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураҳмонова Фирӯза

Абдураҳмонова Фирӯза

Абдураҳмонова Фирӯза Муиновна (таваллуд 22. 5. 1970, Душанбе), акушер-гинеколог, доктори илмхои тиб (2002), профессор (2003). Хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1992).

Ординатори клиникӣ ва ассис­тент (1992 – 94), аспирант (1994 – 97), ассистенти кафедраи акушерӣ ва ги­некологияи факултети педиатрӣ (1997-99), дотсент (1999 – 2002), профессор (2003 – 05) ва мудири (аз соли 2005) ка­федраи акушерӣ ва гинекологиям №2-и Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Таъсири омилҳои антропогениро ба хусусията инкишофи ҷинсӣ ва ҷисмонии духтарони ҷумҳурӣ омӯхта, тариқи пешгирии оризаҳои акушерӣ ва гинекологиро пешниҳод намудааст.

Дар бисёр семинару конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва маърӯза кардааст (Душан­бе, 1998; Алмаато, 1999; Анкара, 2004). Муаллифи 27 мақолаи илмӣ, 5 дастури методӣ, 4 тавсияи методӣ, 4 пешниҳоди навоварона. Таҳти роҳбарии ӯ 9 нафар рисолаҳои номзадии илмро дифоъ кардаанд.

Основание: Эхографические и доплерометрические исследования молочных желез в пубертатном возрасте в регионе социально-экономического неблагополучия, маҷмӯаи «Здравоохранение Таджи­кистана», № 1-2, Душанбе, 1999; Экология и репро­дуктивное здоровье девушек, «Российский вест­ник акушера-гинеколога», том 2, №3 – 4, Москва, 2002; Яке аз хусусиятҳои равиши гестатсионӣ хангоми фарбеҳӣ, маҷмӯаи «Паёми Сино», № 3, Душанбе, 2008.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …