Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураҳмонов Раҳматулло

Абдураҳмонов Раҳматулло

Абдураҳмонов Раҳматулло Бозорович (таваллудаш 10. 07. 1948, деҳаи Муллошодии ноҳияи Ҳисор), наққоши тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1998). Хатмкардаи Омӯзишгохи ҷумҳуриявии рассомии Душанбе (1974) ва факултета таърихи Институти дав­латии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ғоибона, 1984).

Муаллими Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви рассомии ба номи М. Олимов (1974 -1980), наққоши Фонди бадеии меъмории Тоҷикистон (1980 – 2010). Аз соли 2011 рассом – наққоши ширкати «Рухом». Абдураҳмонов шогирди Рассоми халқии Тоҷикистон М. Олимов буда, дар эҳё ва инкишофи услуби қадимтарин ва мураккаби наққошии миллим тоҷик кундал саҳми калон гузоштааст.

Ӯ ба тавассути услуби кундал кору заҳмат, бойгариҳои Тоҷикистон (пах­та, гандум ва ғайра), ҳолатҳои табиат фаслҳои сол ва ғайраро тасвир намудааст. Намояҳои кундалии ӯ бо нақшу нигорҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Ӯ нозукиҳои усули кундалро ба назар гирифта, таносуби рангҳоро ба хубӣ риоя карда, асарҳои ҷолиб офаридааст. «Меҳроб» (1974), «Баҳор» (1976), «Ғунча» (1977), «Бӯстон» (1978), «Рақси гулҳо», «Бойгарӣ», «Ситора», «Сулҳ» (ҳар чаҳор 1984), «Баҳор» (2010, бахшида ба ҷашни Ҷалолуддини Румӣ), «Гулдаста» (2011), «Бӯстон» ва «Гулистон» (2011, илҳом аз асарҳои Саъдии Шерозӣ, бахшида ба ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин асарҳои дар усули кун­дал эҷодкардаи Абдураҳмонов мебошанд.

Абдураҳмонов тарабхонаи «Тоҷикистон» дар шаҳри Владимири Федератсияи Россия (1978), меҳмонхонаи «Тоҷикистон» (1980) ва чойхона – тарабхонаи «Фароғат» (1981) дар шаҳри Душанбе, чойхонаи «Тоҷикистон» дар шаҳри Кобул (1981), хонаҳои фарҳанги ноҳияҳои Вахш (1985), Панҷ (1986), Колхозобод (1987) ва ғайраро бо нақшҳои зебои миллӣ оро додааст.

Асарҳои Абдураҳмонов дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои собик Иттифоқи Советӣ, Туркия, Франсия, Германия, Чехос­ловакия, Америка ба маърази намоиш гузошта шудаанд. Узви ИР СССР (1980) ва ИР Тоҷикистон (1997).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …