Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураҳмонов Нозимчон

Абдураҳмонов Нозимчон

Абдураҳмонов Нозимчон (1904, Конибодом – 1994, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), Устоди пахтаи Тоҷикистон (1959).

Коргари артели ҳунармандии «Болшевик» (1928 – 29) ва Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом (1930 – 1931), сардори бригадаи пахтакории колхози «Ленинград»-и ноҳияи Конибодом (1932 – 1968). Аз соли 1965 нафақагир.

Бригадааш солиёни зиёд ҳосили баланди пахта рӯёнидааст. Бо орденҳои Ленин, «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Прези­диуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфа­роз гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …