Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдураҳмонов Гурез

Абдураҳмонов Гурез

Абдураҳмонов Гурез (1915, Ёвон – 2. 2. 1974. собиқ ноҳияи Куйбишеви вилояти Хатлон), сарояндаи тоҷик, Коркуни хизматнишондодаи мада­нияти РСС Тоҷикистон (1971). Иштирокчии ҶБВ (1941 – 1945). Санъати сарояндагиро худомӯзӣ карда, сипас яке аз пайравони услуби Ҷӯраев Шариф гарди­дааст.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш узви бисёр дастаҳои ҳаваскорони санъат ва роҳбари клубу хонаҳои ма­данияти ноҳияҳои Ёвону Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) буд. Абдураҳмонов са­рояндаи ҳасос ва нозуктабъ буда, ҳар як сурудро бо услуби хос ва самимияти том иҷро мекард.

Сурудҳои ӯ беш- тар таронахои ишкиро дар бар ги- рифта, мехри Ватан ва диёри маҳбуб, меҳнату мардонагӣ, ишқу ҷавонӣ ва ғайраро васф мекунанд. Сурудҳои «Г улиҷони чон», «Зи ноз бошад» (шеъри халқӣ), «Оҳиста мегӯем мо» (шеъри Мушфиқӣ), «Ҳанӯз» (шеъри Сайидо), «Водии Вахш», «Саҳарноз» (шеърҳои халқӣ) ва ғайра аз беҳтарин офаридаҳои ӯ буда, дар Фонди мусиқии радиои Тоҷикистон маҳфузанд.

Абдураҳмонов иштирок­чии Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии донишҷӯён ва ҷавонон (Москва, 1957) буд. Бо 2 ордени «Шараф», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гар­дидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …