Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдураҳмонов Фуод

Абдураҳмонов Фуод

Абдураҳмонов Фуод Ҳасан- Углӣ (28. 4. 1915, Нуха – 15. 6. 1971, Боку), ҳайкалтароши озар, узви вобастаи Академияи Рассомии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1949), Рассоми халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон  (1955), Ҳодими хиз- матнишондодаи санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон.

Хатмкардаи Академияи Рассомии Ленинград (1940). Фаъолияти эҷодиаш ҳанӯз дар солҳои таҳсил оғоз ёфта буд. Соли 1934 ба муносибати 1000-солагии Фирдавсӣ аз рӯйи «Шоҳнома» композитсияи «Тирандоз»-ро офарид. Абдураҳмонов бештар ҳамчун хайкалтароши мо­нументалист машҳур аст.

Ҳайкалҳои Низомӣ дар Кировобод (1946, Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1974) ва Боку (1949), нимтанаҳои монументалии Чойбалсан ва Сухэ-Батор (мармар, 1954, оромгоҳ дар Улан-Батор), хайкали Самад Вургун дар Боку (1961), хайкали Рӯдакӣ дар Душанбе (1964) ва ғайра, муҷассамахои «Озодшавӣ» (дар Боку, 1960), «Чӯпон» (гаҷ, 1950, Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1951; биринҷӣ, 1951, Нигористони Третяков) аз беҳтарин муҷассамахои офа- ридаи Абдураҳмонов мебошанд.

Абдураҳмонов нимтанаҳои портретии Владимир Илич Ленин (мармар, 1955, Музейи таърихи Озарбойчон, Боку), Садриддин Айнӣ (Вазорати фарҳанги Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1964) ва як қатор портретҳои дигарро офаридааст. Бо 2 орден ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …