Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдураҳмонов Аскар

Абдураҳмонов Аскар

Абдураҳмонов Аскар (таваллудаш  15 3.1937, деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон), санъатшинос, профессор (1993), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва (1960).

Муддате дар театри мусиқию мазҳакавии вилоятии шаҳри Хуҷанд ва Театри давла­тии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ чун актёр фаъолият намудааст. Солҳои 1962 – 1965 аспиранти Донишкадаи давлатии санъати теат­рии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва, 1965 – 1971 муҳаррири ҳайати  тахририя ва барномасозии Вазорати  маданияти Тоҷикистон, 1971 – 2004 муаллими калон, дотсент, декани факултети санъат, мудири кафедраи маҳорати актёрӣ, 2004 – 2005 ноиби рек­тор оид ба таълими ДДСТ ба номи М. Турсунзода буд.

Доир ба масъалаҳои театри тоҷик, роҳҳои баланд бардоштани маҳорати актёрӣ, ҳаёту фаъолияти як зумра санъаткорони варзидаи ҷумҳурӣ беш аз сад асару мақола навиштааст. Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Собиқадори меҳнат» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Ос.: Путь к сцене, Д., 1966; Гурминдж Завки- беков, Вильнюс, 1978; Рустами саҳнаи тоҷик, Д., 1990; Паҳлавони се майдон, Д., 2005; Ифтихори саҳнаи тоҷик, Д., 2008.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …