Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураҳимов Зубайдулло

Абдураҳимов Зубайдулло

Абдураҳимов Зубайдулло Зиёдуллоевич (таваллудаш 29. 1. 1958, ноҳияи Варзоб), духтури кардиолог, доктори илмҳои тиб (2000), профессор (2002). Хатмкардаи факултети муолиҷавии Ин­ститути давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1981). Ординатор (1981 – 1983) ва аспиранти Институ­ти ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулеви АИТ СССР дар Москва (1983 – 1986), духтури шӯъбаи ҷарроҳии дилу рагҳои Беморхонаи клиникии № 5 Душанбе (1986 – 1990), ассис­тент (1990 – 1994) ва дотсент (1994 -2002)-и кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Аз соли 2002 профессори кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби № 2-и ҳамин донишгоҳ ва шӯъбаи ҷарроҳии дили Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷар­роҳии дилу рагҳо ва қафаси сина. Оид ба мавзӯи гардиши сунъии хун дар шароити гипотермияи амиқ ва ҷараёни коҳишёфтаи хун ҳангоми ҷарроҳии кушодаи дил дар кӯдакони то яксола, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати амрози фасодии шуш бо роҳи ислоҳи фаъолияти мубодилаи ғайригазии шуш пажӯҳиш анҷом додааст.

Муаллифи 120 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография, 4 дастури таълимию методӣ, 9 таклифи навоварона, 2 ихтироъ. Таҳти роҳбарии ӯ 2 на­фар рисолаи номзадии илмро дифоъ кардаанд. Бо медали НКХХ СССР сарфароз гаштааст.

Ос.: Современные аспекты комплексного лечения острых легочных напюительных забо­леваний, Д., 2002; Новые аспекты диагностики и комплексного лечения нагноившегося эхино- коккоэа легких. Д., 2006; Новые аспекты диагно­стики и лечения хронических перикардитов, Д., 2007; Митральный стеноз, Д., 2007.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …