Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ

Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ

Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ Шоҳ Абдурраҳим ибни Сайид Мирзо Му- ҳаммади Кӯлобӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1870), шоири тоҷик. Бо тахаллусҳои Раҳим, Раҳимӣ, Абдурраҳим ва Абдурраҳимӣ эҷод кардааст. Таҳсили улуми мутадовилаи даврашро дар зодгоҳаш – Кӯлоб оғоз карда, сипас барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт.

Аз баъзе шеърҳои Абдурраҳими Кӯлобӣ бармеояд, ки ӯ дар ибтидо аз таҳсил ва зиндагӣ дар Бухоро хушнуду ризо будааст. Вале баъдан дурӣ аз зодгоҳу хешу табор, мувофиқи табъ пайдо накардани шуғл ва эҳтиёҷмандию ҳаёти бади моддӣ торафт ба ӯ фишор меоварданд. Ба ин вазъ тоб наоварда ба зодгохаш бармегардад.

Дар охири умраш ба тасаввуф рӯй овард. Нусхаи дастнависи (аслии) девони ашъори шоир дар Шӯъбаи дастхатҳои шарқии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигохдорӣ мешавад. Абдурраҳими Кӯлобӣ бо осори бисёре аз саромадони адабиёти форс-тоҷики даврони гузашта ошноӣ доштааст.

Дар ғазалҳояш асосан ба Ҳофизи Шерозӣ пайравӣ кардааст. Девони ашъори А. К. тамоми анвои ашъори лирикии шоир (ғазал, рубоӣ, мухаммас, мусаддас, мусамман, муноҷот) ва «Соқинома»-и ӯро (84 байт) фаро мегирад. Ашъо­ри А. К. саршор аз афкори шикоятӣ аз мушкилиҳои зиндагӣ, қашшоқию нодорӣ, беинсофию бемурувватии ах­ли замон, таассубу авомфиребии баъзе рӯҳониён мебошад. Аз А. К. маснавие бо номи «Муқатилнома» ба забони туркӣ (ӯзбекӣ) боқӣ мондааст, ки шомили 832 байт аст. Намунае аз ғазалиёти ӯ:

Мабош зоҳиди зоҳирпарасту ошиқ бош!

Чӣ қавлу феъл, ки дорӣ, биёву содиқ бош!

Ба ҳар кй аҳд намой, макун нифоқ ба дил.

Cape матоб зи қавлаш, ба ӯ мувофиқ бош!

Ба роста бинамо хӯ, қабули ҷумла шавӣ,

Ба содиқон бинишин, душмани мунофик бош!

Зи хулқи хуш, раҳи таслиму аҷзу хушхӯӣ

Қабули хотири шоиста бошу лоиқ бош!.„

Адабиёт: А б и б О в А., Доираҳои адабии Бухорои шарқӣ, Душанбе, 1984.  Л. Алимардонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …