Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурраҳими Биҳорӣ

Абдурраҳими Биҳорӣ

Абдурраҳими Биҳорӣ Абдурраҳим ибни Аҳмади Сури Биҳорӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон. Дар музофоти Биҳор умр ба cap бурдааст. Ӯ ба во­ситаи фарҳанги худ «Кашф-ул-луғот ва-л-мусталиҳот» (таълифаш тақрибан 1608), ки баъзан дар маъхазҳо бо унвони «Фарҳанги шайх Абдурраҳими Биҳорӣ» низ ёд шудааст, маъруф гардадааст.

Аз маълумоти дар дебочаи «Кашф-ул-луғот…» дарҷгардида бармеояд, ки Абдурраҳими Биҳорӣ тартиб додани фарҳангро барои конеъ гардонидани талаботи ёрон, бародарон ва фарзандону шогирдон, ки маънои калимоти арабӣ, хусусан истилоҳоти тасаввуфро донистан мехостанд ва пайваста аз ӯ мепурсиданд, оғоз на­мудааст.

Абдурраҳими Биҳорӣ барои анҷоми чунин кор аз 15 фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва 7 фарҳанги арабӣ истифода бурдааст. Дар ин фарҳанг Абдурраҳими Биҳорӣ  ба ҳалли мушкилот, маъниҳою матолиби девони ашъори Қосими Анвор кӯшидааст ва зимнан калимаҳову истилоҳоти берун аз ин асарро низ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор додааст. Аз асари Абдурраҳими Биҳорӣ  фарҳангнависони баъдина чун сар- чашмаи мӯътамад истфода бурдаанд.

Адабиёт: Шаҳриёри Нақавӣ, Фарҳангнависии форсӣ дар Ҳинду Покистон, Тошкент, 1341 ҳиҷрии шамсӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …