Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураҳимбий

Абдураҳимбий

Абдураҳимбий (1700, Хуҷанд  1733, ҳамон ҷо),  бдураҳимхон, фарзанди Шоҳрухбийи Атолиқ, хони Хӯқанд. Солҳои ҳукуматаш 1721 – 1733, аз сулолаи ӯзбакзабони мингҳо. Соли 1725 аз вазъи нобасомонии хонигарии Бухоро истифода бурда, бо сипоҳи 20 ҳазорнафараи худ Хуҷанд (1725), Ӯротеппа (1726) ва сипас Самарқандро (1732) тасарруф намуд.

Абдураҳимбий духтари ҳокими Шаҳрисабз Олимбекро, ки Ойчучук-ойим ном дошт, ба никоҳи худ даровард. Абдураҳимбий бо кӯмак ва тарафдории ашрофи Шарҳрисабз ба муддати шаш моҳ дар Самарқанд иқомат ихтиёр кард ва сипас бо силоҳаш ба Фарғона баргашт ва дар Хӯқанд қарор гирифт. Ӯро бархе аз муаррихин ба унвони поягузори шаҳри Хӯқанд донистаанд.

Абдураҳимбий дар ободии шаҳри Хӯқанд иқдомотеро низ анҷом додааст. Чунончи, дар аҳди ӯ қалъае бино шудааст, ки ҳам акнун дар миёни мардум ба номи «Қӯрғони кӯҳна» маъруф аст. Абдураҳимбий соли 1733 дар натиҷаи сӯиқасд дар Хуҷанд ба қатл расид. Баъд аз қатли ӯ тахти хонии Хӯқанд насиби бародараш Абдулкаримбийи Минг шуд.

Ад.: Б о б о б е к о в X- Н., Кукрн тарихн, Тош- кент, 1966; История Ленинабада, Д.,1986.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …