Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАКУРӢ Абдуқодир

ШАКУРӢ Абдуқодир

abduqodir_shakuriy

ШАКУРӢ Абдуқодир (Абдушукуров Абдуқодир; 1875, деҳаи Раҷабамини Самарқанд-1943, Самарқанд), маорифпарвар, таъсискунандаи аввалин мактаби усули нави тоҷикӣ дар Самарқанд. Солҳои 1901—17 дар гузари Хоҷазулмурод ва баъд дар деҳаи Раҷабамини Самарқанд ба пайравии мактаби Салодуддин Маҷидӣ (мактаби маҳаллаи Бешқудуқи Хуқанд) мактаби усули нав кушод.

Дар мактаб ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳон ташкил мешуд, ба ғайр аз падару модарони талабагон дар он дигар ҳавасмандон низ иштирок мекарданд. Дар чунин маҷлисҳои имтиҳон Ҳамза Ҳакимзода, С. Айнӣ ва А. Мунзим низ иштирок карда буданд. С. 1923 г. «Правда» барои муайян кардани беҳтарин мактабҳо ва таҷрибаноктарин муаллимони РСФСР конкурс эълон карда буд. Дар рўйхати 27 наф. муаллими пешқадам ва таҷрибанокӣ мактабҳои советӣ Шакурӣ низ буд. «Правда» 8 июли с. 1923 натиҷаи конкурсро эълон карда, зимни зикри хизматҳои пешазинқилобии Шакурӣ навишта буд: «Вақте ки Революцияи пролетарӣ, озодкунандаи ғуломон фаро расид, ин тарғибгари мактаби нав тамоми қувваи худро ба интишори ғояҳои революция дар байни омма вақф кард». Барои фаъолияти 20-солаи маорифпарварӣ шурои касабаи вил. Самарканд ба у «Қаҳрамони меҳнати фронти маориф» ном дода буд (1923). Дар Самарқанд ба номи Шакурӣ мактаб ва куча ҳаст. Р. Ҳошим.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …