Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуманнонов Абдураҳмон

Абдуманнонов Абдураҳмон

Абдуманнонов Абдураҳмон (таваллудаш 6. 4. 1947, ноҳияи Бӯстонлиқи Ӯз­бекистон), адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумони тоҷик. Хатмкардаи УДТ (1968). Ходими илмии Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон (1972 – 1975), муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи таърихи Сарредаксияи илмии ЭСТ (1975 – 1978), ходими илмӣ, муовини директори ИЗА (1979 -1991), муовини раиси ИН Тоҷикистон (1991 -1998), мудири шӯъбаҳои иттилоот (1998 – 2003) ва фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004 – 2005), муовини аввали раиси Комитет телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005 -2010).

Аз ноябри соли 2010 машғули кори эҷодӣ. Фаъолияти Абдуманнонов чун пажуҳишгар аз омӯзиши эҷодиёти Маликушшуаро Баҳор ва масъалаҳои шеъри нави форсӣ оғоз ёфтааст. Баъдан ӯ ба тадқиқи унсурҳои реализм дар назми классикии форс-тоҷик ташаккули реализм дар шеъри муосири тоҷик, тадқиқи ҷанбаҳои эстетикии шеър даст задааст. Оид ба эҷодиёти С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, П. Сулаймонӣ, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, А. Шукӯҳӣ, Ф. Ансорӣ, Лоиқ, Б. Собир, Гулрухсор, Гулназар ва дигар адибони муосири тоҷик, инчунин доир ба масъалаҳои тарҷумаи шеъри тоҷикӣ ба забони русӣ мақолаҳо нашр кардааст.

Китобҳои «Абулқосим Лоҳутӣ» (Д., 1987, ҳамроҳи X. Отахонова ва Ҳ. Шодиқулов), «Нуқтаи назар» (Д., 1990, маҷмӯаи мақолаҳо), «Пиндорҳо ва ангорҳо» (Д., 1990, маҷмӯаи мақолаҳо, очеркҳо, шеърҳо ва тарҷумаҳо) аз таълифоти Абдуманонов мебошанд. Дар таълифи китоби «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ҷ. 1, Д., 1984) иштирок кардааст. Баъзе ҳикояҳои А. П. Чехов, асарҳои С. Ба­руздин «Такрори дарсҳои гузашта» (1984), О. Ёқубов «Виҷдон» (1984), Элчин «Ишқи аввали Балададаш» (1986), Б. Василев «Субҳи ин ҷо соқит аст» (1988), ҳикояҳои Ю. Збанатский «Хорпушти олиҳиммат» (1988), намоишномаи М. Беҳбудӣ «Падаркуш»-ро ба тоҷикӣ тарҷума намудааст.

Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994). Бо орденҳои Шараф (дараҷаи 1; 2003) ва Дӯстӣ (2005) мукофотонида шудааст. Дорандаи мукофоти ба номи Мирзо Турсунзода (2007). Аз соли 1984 узви ИН Тоҷикистон.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …