Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдумалик ибни Марвин

Абдумалик ибни Марвин

Абдумалик ибни Марвин (соли таваллудаш тақрибан 674 – вафоташ 705, Димишқ), халифа аз силсилаи Умавиён. Солҳои 685 – 705 ҳукуматдорӣ кардааст. Дар манбаъ ва маъхазҳои таърихӣ Абдулмалик сахтгир ва сангдилу бераҳм ёдрас шудааст, ки дар фурӯ нишондани қиёму шӯришҳо (аз қабили шӯриши Абдуллоҳ ибни Зубайд дар Макка ва Ироқ, 685 – 693; Абдуллоҳ ибни Ашъас дар Систон, 700 – 702) маъруф буд.

Дар даврони ҳукуматдории ӯ футӯҳоти араб хеле тавсеъ ёфт ва бисёр минтақаҳои Хуросону Мовароуннаҳр низ аз тара­фи сипоҳиёни араб фатҳ гардиданд. Ҷорӣ намудани забони арабӣ ба унвони забони давлатӣ, бекор намудани гардиши пулҳои румию эронӣ ва зар­би сиккаҳои ягонаи арабӣ дар саросари хилофат, иқдомот барои рушди фарҳангӣ исломӣ аз муҳимтарин ислоҳоти Абдулмалик ҳисоб меёбанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …