Маълумоти охирин

Абдулвосеъ

Абдулвосеъ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 15). Дар вилояти Нури Хуросон ба дунё омада, дар ҳамин ҷо таҳсил ва касби камол кардааст. Дар тазкираҳои «Маҷолис-ун-нафоис», «Музаккир- ул-аҳбоб» Абдулвосеъ чун шоири хушбаёну тозафикр ва фозилу донишманд тавсиф шудааст.

Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Аз ин намунаҳо бармеояд, ки ӯ дар ашъораш зиндагиву ҳоли худро тасвир, баъзе норасоиҳои замонаро танқид ва ишқро тараннум намудааст. Абёти зерин намунае аз ашъори ӯянд:

Ҷаҳон бемадор асту беэътибор,

Маҷӯ эътиборе аз ин бемадор.

Забон зи сӯзи дарунам забонае бошад, Шарораҳои вай аз ман нишонае бошад.

Ад.: А л ишер Навоӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Тошкент, 1961.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …