Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуваҳҳоби Машҳадӣ

Абдуваҳҳоби Машҳадӣ

Абдуваҳҳоби Машҳадӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти фор­су тоҷик (асри 16). Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Абдулваҳҳоби Машҳадӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Қариб тамоми умраш дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад гузаштааст. Тибқи ахборе, Абдуваҳҳоби Машҳадӣ хоҳарзодаи устод Султоналии Машҳадӣ буда, нозукиҳои ҳунари хаттотиро аз ӯ омӯхтааст.

Бино ба маълумоти «Гулистони ҳунар»-и Қозӣ Аҳмад дар солҳои 60 асри 16 Абдулваҳҳоби Машҳадӣ 80-сола буда, ҳаёти дарвешона ба сар бурдааст. Абдулваҳҳоби Машҳадӣ дар айни замон яке аз хаттотони машҳур ва шинохтаи Машҳад будааст. Муҳаққиқони осори Абдулваҳҳоби  Машҳадӣ бар ин ақидаанд, ки ӯ хати зебо дошта, навъҳои хати арабиро хуб менавиштааст. Намунаҳои хати ӯ дар Китобхонаи давлатии Истамбул маҳфузанд.

Ад.: Ка зи Ахмед, Трактат о калиграфах и художниках, М.-Л., 1947; Энсиклопедияи адаби- ёт васанъати тоник, ч. 1, Д., 1988; Ашрафй М., Таджикская миниатюра. Бухарская школа XVI -XVII вв., Д., 2011.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …