Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулов Карим

Абдулов Карим

Абдулов Карим (таваллудаш  26. 02. 1939, деҳаи Сурхкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – 5. 12. 2010, Хуҷанд) иқтисоддон, таърихнигор, доктори илми таърих (1990), про­фессор (1991). Корманди шоистаи То­ҷикистон       (1997). Техникуми молияи Сталин обод (1958) ва УДТ-ро (1964) хатм кардааст, солҳои 1964 – 1967 котиби ташкилоти ком­сомолии ҳамин донишгоҳ,  1968 – 1973 сарвари гурӯҳи лекторҳо, 1973 – 1985 мудири шӯъбаи ташвиқоти Комитети Ҳизби коммунистии вилояти Суғд, 1985 – 1989 ҷонишини мудири шӯъбаи Комитети Марказии Ҳизби коммуни­стии Тоҷикистон, 1989 – 1990 дотсент, докторант ва профессори УДТ.

Солҳои 1991- 1992 мудири котиботи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, 1992- 1994 мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва ноиб-ректори соҳаи маънавиёти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Аз соли 1997 сармутахассиси Маркази таҳлил ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, узви Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, раиси ҷамъияти «Дониш» ва ҷонишини Раиси шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллии вилояти Сугд, узви шурои мар­казии Хдракати вахдати миллии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, сардабири ҳафтавори «Анвори дониш». Абдулов олими пурмаҳсул буда, дар давоми фаъолияти илмию эҷодиаш 110 китоб таълиф ва нашр кардааст. Аксари китобҳои ӯ ба таърихи Тоҷикистон бахшида шуда­анд ва арзиши баланди илмӣ доранд.

Ҷилди 12-и «Дар ин дунё»-и Абдулов соли 2007 дар Намоиши байналхалқии китоб дар шаҳри Москва сазовори Дипломи дараҷаи I гардид. Китобҳои «Сиёсатномаи асри 21» ва ҷилди 12-и «Дар ин дунё» дар Китобхонаи Конгресси ШМА низ маҳфузанд. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, ҷоизаҳои ба номи академик Б. Ғафуров, А. Баҳоваддинов, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ сарфароз гардидааст.

Ос.: Лоиқи миллат, X., 1999; Бахти таърихи, Д., 2001; Сиёсатномаи асри 21, X., 2001 – 2002; Давроии сарнавиштсоз, Д., 2004. Дар ин дунё (иборат аз 18 ҷилд, 17 ҷилд нашр шуда), X., 1994 – 2008; Аркони миллат, Д., 2007; Роҳи беҳбуд, X., 2009.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …