Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулмӯъмини Ҳофиз

Абдулмӯъмини Ҳофиз

Абдулмӯъмини Ҳофиз (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, са­роянда ва оҳангсози форсу тоҷик (асри 14 – 15), намояндаи машҳури мактаби мусиқии Самарқанди замони Темуриён. Аз аҳли Самарқанд буда, дар назди Абдулқодири Гӯянда асосҳои назариявӣ ва амалии шеъру мусиқиро омӯхтааст.

Дар ҳофизӣ яке аз санъатварони маъруфи замон буд ва дар дарбори ҳокими Бағдод Султон Аҳмади Атласпӯш хизмат мекард.

Абдулмӯъмини Ҳофиз асарҳои машҳури Абдулқодири Гӯянда«Амалибӯстон»,«Амали гесу», «Амали гулистон», «Амали хористон»-ро дар назди санъатдӯстони Бағдод, Ҳирот, Самарқанд бо маҳорат иҷро мекард. Вақти сароидан аз авҷҳои хеле мураккаби овозхонӣ истифода менамуд ва ӯро «Ҳофизи зилхон», «Ҳофизи авҷӣ» ҳам меномиданд. Ғазалро неку мегуфт. Ба ғазалҳои Саъдии Шерозӣ тазминҳо бастааст.

Ад.: Раҷабов А., Маданияти мусиқии тоҷик дар асрҳои XIII – XIV, Д., 1987; ҳа м о н муалл-. Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои XII – XV, Д., 1989; Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …