Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллозода Хуршед

Абдуллозода Хуршед

Абдуллозода Хуршед Файзуллоевич (таваллудаш 25. 9. 1940. Хуҷанд), доктори илми таърих (1990), профессори (1991). Факултети физикаи Институти педаго­гии Хуҷандро хатм кардааст (1963). Хидмат дар Армияи Советӣ (1963 – 1965), солҳои 1965 – 1990 лаборанти калон, ходими хурд, ходим ва ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи астрофизикаи АИ Тоҷикистон буд.

Аз соли 1991 мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Б. Ғафуров. Мутахассиси соҳаи таърихи илм аст, тадқиқоташ ба таҳлилу баррасии дастнависҳо -мероси ил­мии астрономию математакии мутафаққирони мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна бахшида шудааст.

Ос.: Абу Махмуд Худжанди, Д., 1986 (соав­тор); Кушияр Джими, Д., 1990; Таърихи риёзиёт дар Шарқи Наздик ва Миёна, X, 1999.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …