Главная / Илм / Абдуллозода Разиюлло

Абдуллозода Разиюлло

Абдуллозода Разиюлло (13. 3. 1912, Истаравшан -19. 2. 1995, ҳамон ҷо), адиб, омӯзгори тоҷик. Тахаллуси адабиаш «Расмӣ». Техникуми иқтисодию саноатии Тошкандро соли 1930 ва Институти давлатии педагогии Душанберо соли 1941 хатм намудааст.

Аз соли 1930 то охири умр дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент, Омӯзишгоҳи педагогии Истаравшан ва макта­би ба номи Горкийи шаҳри Истаравшан омӯзгор буд. Дар матбуот мақола, шеъру ҳикояҳо, асарҳои публитсистӣ менавишт.

Мураттиби китобҳои «Зарбулмасал ва мақолҳо дар асарҳои С. Айнӣ» (1958), «Ашъори мунтахаб»-и Лутфӣ Обидхоҷаев (1959), «Маҷмӯаи шеърҳо»-и Ноил Шерзода (1961), «Луғати мухтасари адабии тоҷик» (1973, барои мактабҳои миёна), «Ибораҳои халқӣ» (1974) ва ғайра. Абдуллоева омӯзгори носеху пандомӯзи ҷавонону калонсолон буд (маҷмӯаҳои «Панди Оқилӣ», 1982; «Футувватнома», 1994; «Хӯшаи пурбор», 1992 ва г.). Маҷмӯаи  «Ёде аз айёми гузашта» (1983), қиссаи «Шогирди усто» (1992) аз нигоштаҳои адабии ӯянд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои …