Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллохӯҷаев Закӣ

Абдуллохӯҷаев Закӣ

Абдуллохӯҷаев Закӣ Ёқубович (12.2.1929, Хуҷанд-25.2.1991,Душан­бе), духтури бемори-хоисироятӣ, докто­ри илми тиб (1967), профессор (1969). Хатм­кардаи факултети педиатрии Институти дав­латии таббии Тоҷикистон (ИДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино (1950). Солҳои 1955 – 1960 ассистент ва дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии ИДТТ, 1967 – 1968 ҷонишини дирек­тор оид ба корҳои илмии Институти эпи­демиология ва гигиенаи шаҳри Душанбе.

Соли 1968 дар заминаи Беморхонаи шаҳрии клиникии №2 кафед­раи бемориҳои сироятии кӯдаконро ташкил карда, то соли 1991 мудирии онро ба ӯҳда дошт. Саринфексионистӣ Вазорати тандурустаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои кӯдакон (1968 – 1987). Дар мавзӯи «Омӯзиши раванди оксиду барқароршавӣ ва мувозината кислотаю ишкор ҳангоми бемории Бот­кин» рисолаи докторӣ ҳимоя карда­аст. Оид ба бемориҳои сироятӣ зиёда аз 100 асари илмӣ, таълимию методӣ дорад.

Фаъолияти илмию амалии Абдуллохӯҷаев асосан ба дарёфти усулҳои самараноки пешгирӣ ва табобати гепататҳои вирусӣ равона шудаанд. Тадқиқот дар ин самт бо ҳамкории беморхонаю институтҳои номии советӣ, масалан, Институти вирусологияи ба номи Д. И. Иванов­ский и АИТ СССР, ҳамчунин Институти гастроэнтерология ва Институти эпидемиологияю гигиенаи Тоҷикистон сурат гирифтаанд.

Бо роҳбарии Абдулохӯҷҷаев дар собиқ Иттифоқи Советӣ бори нахуст дар Тоҷикистон барои назорати кӯдаконе, ки гепататҳои вирусиро аз сар гузарондаанд, ҳамчунин ба­рои одамони гирифтори бемориҳои музмини вирусии ҷигар ҳуҷраҳои диспансерӣ ташкил карда шуданд. Бо ордени Дустии халқҳо (1989) сарфароз гаштааст.

Ос.: Ташхису муолиҷаи бемории Боткин дар бачагон, Д., 1970; Тарзу усулҳои муолиҷаи баъзе бемориҳои вазинини бачагона. Д., 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …