Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулов Назарбек

Абдулов Назарбек

Абдулов Назарбек (таваллудаш 23. 2. 1947, деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон), адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (2009). Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии Душанбе (1969). Омӯзгори фанни забони франсавӣ дар УДТ (1969 – 1979), тарҷумон дар Алҷазоир (1979 – 1983), мудири кафедраи забони лотинии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1984 – 1988), тарҷумон дар Алҷазоир (1988 – 1991).

Моҳияти назари ислоҳотии ӯ ба се масъалаи асосӣ нигаронда шуда буд а) баргаштан ба асри садрулислом; б) эҳёи фарҳангу забони арабӣ; в) эҳтироми ҳуқуқи халқҳо ва озод гардонидани онҳо аз зулми мустамликадорони истисморгар . Рӯҳи ислоҳотталабонаи ӯ дар “Тафсири Қуръон”- и Абдулов низ ба хубӣ намоён буд.

Дар замони зиндагии ӯ тафсирҳое бисёри  иҷтиҳодӣ, мавзӯӣ, татбиқӣ, таърихӣ, адабӣ, ҳидоятиву тарбиявӣ да Қуръони Карим пайдо шуда буданд.  Тафсирҳои дорои хусусияти ирфонию фалсафии мутафаккирон, фойласуфон ва орифони асрҳои миёна низ вуҷуд доштанд.

Замни нигориши тафсирҳои гуногун иттиллоти бисёре дар улуми қуръони гирд омад. Гузашта аз ин, масоили навини каломию фалсафӣ ба бардоштҳои тозаи мазмунҳои қуръони мусоидат намуданд. Дар натиҷа мактабҳои тафсирӣ ба вуҷуд омаданд, ки яке аз онҳо мактаби Абдолов ва шогирдонаш буд.

Абдолов ҳанӯз дар мақолае бо номи «Тавҳид» навишта буд, ки ислом ду ғояи бузург ба мардум ато кардааст: сиботии иродаи фардӣ ва озодии ақида. Ин ҳар ду ба такомули тадриҷии навъи башар кӯмак карданд, ба афрод омӯзиш доданд, ки истеъдоди билқувваи худро амалӣ намоянд. Абдолов ба навиштани тафсири худ ба Қуръон бо номи «Ал-минор» шурӯъ кард ва баъди вафоти ӯ шогирдаш Муҳаммад Рашид Ризо кори устодашро давом дода, тафсири мавриди назарро ба итмом расонд. Ин ҳарду устоду шогирд бунёнгузорони мактаби навин дар тафсири Қуръон гардиданд. Шеваи тафсири онҳо аз тарзи тафси­ри пешиниён фарқи куллӣ дошт. Ин фарқ дар тарзи нигориши онҳо – такя ба истифодаи густурдаи ақл дар дарку фаҳми маънии Қуръон ва талоши доимӣ барои оштӣ додани орои пе­шиниён бо арзишҳои навини зиндагии муосир зоҳир мегардид.

Абдолов ба омӯзиши осори суфия низ шуғл варзида, дар аввалин асари худ «Рисолат-ул-воридот» кӯшидааст, ки таълимоти ваҳдати вуҷудро аз ҷиҳати маърифатӣ асоснок намояд. Таҳти таъсири устодаш Ҷамолуддини Афғонӣ ӯ ба омӯзиши фалсафаи Ғарб шурӯъ намуд ва бар маънои дони­ши андухтаи илми муосир ва тарғибу ташвиқи ислоҳот дар дини ислом пардохт. Абдолов ба ҷуз мақолаҳои сершумори дорои рӯҳияи ислоҳотталабонаи чопшуда дар маҷаллаҳои «Ал-Аҳром» як силсила осори дорои хусусияти фалсафӣ низ нигоштааст, ки муҳимгаринашон «Ал-ислом ва-н- насрония ма-ал-илм ва-л-маданията» ин  « Рисолат -ут-тавҳид» мебошанд.

Дарохирин асари номбаршуда масъалаи ваҳдатро ҳам аз назари ҳастӣ ва ҳам аз ҷиҳати назарияи маърифат баррасӣ намуда, ба воҷибулвуҷуд ҳамаи сифатҳои илоҳиро мансуб донистааст. Дар тавҳид Абдолов имконияти дарки офаридгор, таносуби дониши ақливу ладунӣ ва мақоми ваҳйи набавиро дар асоси бардоштҳои шахсии худ шарҳ додааст.

Ғояи рисолаи мазкур ҳам ба муқобили фақеҳони аҳкомпараст ва ҳам бар зидди мунаққидони «хориҷӣ»-и ислом равона шудааст. Абдолов муътакид буд, ки мусулмонон ба тавҳиди қақиқӣ не, балки ба дин, ки дар тӯли садсолаҳо ба тахрифу тафсирҳои ғалат дучор шудааст, пайравӣ мекунанд, Ба ақидаи ӯ, яккахудоӣ, ақлу ақида ва иродаи муъминонро озод мекунад ва қазову қадар озодии иродаву амалро ҳеҷ гоҳ истисно нахоҳад кард.

Ин асари Абдолов рукнҳои асосии ислоҳоти пешниҳодшудаи Абдоловро дар бар мегирад. Минбаъд ғояҳои ин асарро намояндагони дигари ҳаракати ислоҳотталабона, ки шогирдону пайравони Абдолов буданд, инкишоф додаанд ва ногузирии муносибати оқилона ва амалиёти мустақилонаро тарғиб ва талқин намуданд.

Ад.: Религия и общественная мысль стран Вос­тока, М., 1974;Х, азраткулов М.,ИсломваАбу- ханифа, Д., 2009.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …