Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоҳхон

Абдуллоҳхон

Абдуллоҳхон (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), яке аз хонҳои шайбонӣ, аз ашрофзодагони муғул, сипаҳсолор ва ҳокими мустақил дар Мовароуннаҳр (асри 16). Модараш Оиша Бегим яке аз духтароии Ҳусайн Бойқаро буд. Аз соли 1530 Абдуллоҳхон ба унвони сипаҳсолор дар хидмати сипоҳи Бобур будааст. Бобур дар китоби худ «Бобурнома» аз ӯ ёд кардааст.

Абдуллоҳхон дар юришҳо ва ҷангҳои Бобур ва сипаҳсолори темурӣ Қосим Ҳусайн султон дар Ҳинд фаъолона ширкат доштааст. Баъд аз марги Бо­бур Абдуллоҳхон ба хидмати Ҳумоюн пайваст ва дар юришҳо ва ҷангҳои ӯ алайҳи мулуки Панҷоб ва вилоёти дигари Ҳиндустон ширкат намуд. Абдуллоҳхон бо духтари Қосим Барлос (султони қазок аз хонадони Ҷуҷӣ) издивоҷ намуд.

Вай дар барқарории қукумати Ҳумоюн, бахусус дар ҷанги ӯ бар зидди Сур Афғон нақши муассире дошт. Абдуллоҳхон дар муҳимтарин юришҳои Акбаршоҳ низ ширкати мустақим дошт (чунончи, дар набарди маъруфи Пани- пат, соли 1556) ва баъд аз ин аз тарафи шоҳ бо лақаби волои «Шуҷоатҳои» сарфароз гардид. Абдуллоҳхон ҳамчунин дар юришҳои Акбаршоҳ алайҳи Хок Замон (Алиқулии Ӯзбек), ки ҳокими Ҷанпур буд, ширкат варзид.

Ад.; Бобур М., Бобурномп, Тошкамд. 1965: Гулбаданбегим, Хумоюниома, Тошкаид, 1965.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …