Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоҳи Тусӣ

Абдуллоҳи Тусӣ

Абдуллоҳи Тусӣ (соли таваллудаш но­маълум – вафоташ 1464, Шероз), шоири форс-тоҷик. Аз ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар тазкираҳо маълумот кам аст. Дар замони Бобур чун шоир шӯҳрат ёфтааст. Пас аз марги Бо­бур ба Озарбойҷон ва Ироқ рафт. Аз он ҷо ба Шероз омад ва то охири умр он ҷо монд. Абдуллоҳи Тусӣ дар доираи адабии Ҳирот низ маъруф будааст.

Алишери Навоӣ дар «Маҷолис-ун- нафоис» дар бораи ӯ маълумот дода, шеърашро ҷаззобу дилфиреб гуфта­аст. Аз Абдуллоҳи Тусӣ девоне дар ҳудуди 1000 байт боқӣ мондааст, ки дар он танҳо ғазалҳо фароҳам омадаанд. Абдуллоҳи Тусӣ дар ғазалҳояш масалҳои зиёдеро истифода кардааст. Дар ин бобат ӯ аз ҳамасронаш Шукрӣ, Рафиқӣ пайравон доштааст.

Девони Абдуллоҳи Тӯсӣ дар Бам­бай ва Теҳрон ба табъ расидааст, вале ба ҳато онро девони Хоҷа Насируддини Тусӣ гуфтаанд. Байтҳои зерин намунае аз ашъори Абдуллоҳи Тусӣ мебошанд:

Зиҳӣ нӯши лаби лаълат ҳаёти ҷовидони май,

Ба дандон мегазӣ лабро, чӣ мехоҳӣ зи ҷони ман!

***

Маро бошед, эй хубон, Худоро,

Худоро дораму боқӣ шуморо.

Ад.: Алишери Навоӣ. Маҷолис-ун- нафоис. Т., 1333 х. ш.; Саид Нафисӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ. Т., 1344 х- ш.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …