Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоҳи Шерозӣ

Абдуллоҳи Шерозӣ

Абдуллоҳи Шерозӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва хаттоти эронӣ (асри 16). Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдуллоҳи Шерозӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Дар китобхонаи султон Абулфатҳи Иброҳим ибни Бағром (ҳукмрониаш 1556-1577) ба ҳайси хаттот хидмат мекардааст. Тибқи баъзе маълумоти таърихӣ муддати кӯтоҳе дар Машҳад сукунат доштааст.

Бино ба маълумоти Қозӣ Аҳмад (дар «Гулистони ҳунар») Абдуллоҳи Шерозӣ яке аз хушнависони бо истеъдо­ди замони худ будааст. Аз Абдуллоҳи Шерозӣ якчанд асар боқӣ мондааст. Нусхаи хаттии «Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (китобаташ тақрибан солҳои 1556 – 1565), ки ҳоло дар Нигористони Фриери Вашингтон маҳфуз аст, шомили минётураи «Юсуф ва Зулайхо» мебошад.

Ин мусаввараи зебо ва дилкаш ба қалами Абдуллоҳи Шерозӣ мутааллиқ аст. Дар нусхаи мазкур 28 тасвиру минётура замима шудаанд, ки мутахассисон онҳоро низ ба қалами Абдуллоҳи Шерозӣ нисбат медиҳанд. Ҳамчунин дар яке аз нусхаҳои «Сабҳат-ул-аброр», «Сифот-ул-ошиқин»-и Ҳилолӣ (дар китобхонаи шаҳри Лисабон маҳфуз аст) теъдоди зиёди нақшу нигори бо оби тилло ҳал додашуда мавҷуданд, ки ба қалами Абдуллоҳи Шерозӣ тааллуқ доранд.

Теъдоде аз осори Абдуллоҳи Шерозӣ дар китобхонаи Лейпсиг (Германия) нигоҳдорӣ мешаванд. Баъзе аз муҳаққиқини осо­ри Абдуллоҳи Шерозӣ бар ин ақидаанд, ки ӯ яке аз нусхаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсиро низ бо минётураҳо ва нақшу нигорҳои дилчасп оро додааст.

Сабку услуби минётуранигорӣ ва хатто­тии Абдуллоҳи Шерозӣ ба тарзу равиши хаттотону мусаввирони давраи шоҳ Таҳмосб қаробат дорад. Абдуллоҳи Шерозӣ дар рушди минбаъдаи санъати тасвирии Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон таъсир расонидааст ва яке аз устодон ва саромадони ин ҳунар ба шумор меравад.

Ад.: Каин Ахмед .Трактат о калиграфах и художниках, М.-Л,, 1947; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. , Д., 1998.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …