Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоҳи Шабистарӣ

Абдуллоҳи Шабистарӣ

Абдуллоҳи Шабистарӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Аз авлоди Маҳмуди Шабистарӣ. Дар Самар­қанд, Ҳирот ва Осиёи Хурд зиндагиву таҳсил ва эҷод кардааст. Дар илмҳои таърих, ирфон, хусусан риёзиёт яке аз зубдаҳои даврон эътироф гардидааст.

Соли 1520 аз Самарқанд ба Осиёи Хурд сафар карда, ба хидмати дарбори Султон Салим (ҳукмрониаш 1512 – 1520) расид. Абдуллоҳи Шабистарӣ дар шеър «Ниёзӣ» тахаллус дошт. Дар девонаш маснавӣ, ғазал, қасида, рубоӣ ва қитъаҳои сурудааш фароҳам омадаанд.

Маснавие дорад бо номи «Шамъу Парвона». «Рисола дар қавоиди муаммо» яке аз осори пажуҳишии Абдуллоҳи Шабистарӣ мебошад. Маснавиаш мазмуни орифонатасаввуфӣ дорад, ғазалҳову рӯбоиёташ ишқӣ, қасидаҳояш мадҳиянд. Баъзе рубоиҳояш чун рубоиҳои халқӣ содаву равону дилнишинанд. Абёти зерин намунае аз нигоштаҳои ӯянд:

Равон шуд маҳмили ҷонону ман ҳайрон аз он рафтан,

На бе ӯ метавон будан, на бо ӯ метавон рафтан.

Гузашт ӯ тунду ман бар хоки раҳ ҷон меканам бе ӯ,

На сабрн инчунин будан, на тоби ончунон рафтан.

Надидам рӯи ҷонон серу вақти ҷон супурдан шуд,

Дареғо, коми дил нодида хоҳам аз ҷаҳон рафтан.

Макун нисбат ба қадди хушхироми ёр туборо,

Куҷо тубо тавонад ҳамчу он сарви равон рафтан?

Магӯ, азми сафар дорад Ниёзӣ аз сари кӯяш,

Ки натвонад зи гулшан булбули бехонумон рафтан.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …