Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоҳи Сайрафӣ

Абдуллоҳи Сайрафӣ

Абдуллоҳи Сайрафӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти форс- тоҷик (асри 14). Дар Табрез ба камол расида, дар ҳамон ҷо аз хушнависони номии давр Юсуфи Машҳадйӣ ва Саид Ҳайдар таълим гирифтааст. Дар санъати хаттотии ӯ бештар «сабки ироқӣ» (таъсири Ёқути Мустаъсимӣ) ҳис мешавад.

Ӯ яке аз устодони хати сулс, муҳаққақ, насх, риқоъ ба шумор меравад. Намунаҳои бисёре аз осори санъати хаттотии ӯ боқӣ мондааст, ки «Абусаиднома», «Меъроҷнома», «Таърихи Чингиз», Қуръон ва ғайра аз қабили онҳоянд.

Ин асарҳо дар китобхонаҳои Ҳайдаробод, Бамбай ва Честер Биттии Дублин маҳфузанд. Абдуллоҳи Сайрафӣ дар катибанависӣ низ моҳири замон буд. Пештоқу дохили якчанд мадрасаю касрҳои Табрез ва Димишқ бо катибаҳои ӯ оро ёфтаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …