Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоҳи Нойӣ

Абдуллоҳи Нойӣ

Абдуллоҳи Нойӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), навозанда, сароянда ва мусиқидони форсу тоҷик (охири асри 15 ва ибтидои асри 16). Дар Ҳирот таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоии илми мусиқиро низ ҳамон ҷо фаро гирифтааст.

Абдуллоҳи Нойӣ дар навохтани най беҳамто буда, овозааш ба бузургтарин шаҳрҳои он давр низ расидааст. Дарвешалии Ҷангӣ дар «Тӯҳфат-ус-сурур» ба ӯ баҳои хубе додааст: «Аз овози форами най ҳамаро ба гулис­тон бурда…». Абдуллоҳи Нойӣ барои такмили донишаш муддате ба Бухоро омада, асосҳои назариявӣ ва амалии илми мусиқиро комилан аз худ кард.

Сипас ба Ҳисор ва баъд ба Балх сафар кар­да, чандин асари мусиқӣ офаридааст. Аз ҷумла «Савти Дилреш» (бар усули «Муҳаммас») ба шӯъбаи «Сегоҳ», «Савти Дилошӯб» (бар усули «Барафшон») ба мақоми «Ироқ», «Пешрави Ситамкаш» (бар усули «Самоӣ») ба мақоми «Ҳусайнӣ», «Амали гардони Нойӣ» (бар усули «Уфар») ба макоми «Наво» ва амсоли инҳо маълуму машҳур будаанд.

Ба асарҳои мусиқии Абдуллоҳи Нойӣ Дарвеш Шайхии ҷаландари Хиравӣ, Устод Алии Боқӣ, Алидӯсти Нойӣ, Ҳофизи конунӣ ва дигарон бузургони санъати мусиқӣ назираҳо бастаанд. Абдуллоҳи Нойӣ бар вазни «Миатайн» ва «Даври Равон» «Куллиёт»-е тартиб дода­аст, ки ҳофизони номии Самарқанду Бухоро онро месуруданд.

Ӯ ҳамчунин ба мақомҳои «Кӯчак», «Бӯсалик», «Ҳусайнӣ» ва «Ироқ» асарҳои калонҳаҷми мусиқӣ мураттаб кардааст. Абдуллоҳи Нойӣ инчунин ғазалҳои ирфониву фалсафии неку гуфтааст. Ӯ дар Ҳирот аз олам гузашта, қабраш дар маҳаллаи Ҳазрати Султон Аҳмада Ҳизрӯя (Ҳирот) воқеъ аст.

Ад.: Раҷабов А., Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои XII – XV, Д., 1989; Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …