Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоҳи Муссавири Хуросонӣ

Абдуллоҳи Муссавири Хуросонӣ

Абдуллоҳи Муссавири Хуросонӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), наққош ва рассоми форс-тоҷик (асри 16). Аз рӯйи сабку услуб намояндаи Мактаби минётураи Бухоро аст, вале дар асарҳои ӯ таъсири анъанаҳои Мактаби минётураи Ҳирот бештар мушоҳида мешавад.

Ӯ ин равияро аз устоди худ Маҳмуди Музаҳҳиб омӯхта, ҷиҳатҳои пешқадами санъати минётуранигориро идома додааст. То замони мо аз осори ӯ минётураҳои «Гулистон» (1542) ва«Бӯстон» (1575)-и Саъдӣ, «Тӯҳфат-ул-Аҳрор»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (1550 ва 1575) омада расидаанд.

Бартарии услуби Абдуллоҳ дар он аст, ки вай ба воқеият ва тарзи хоси қиёфаю ҳаракати инсон аҳамият дода, ҷанбаҳои воқеии (реалистии) санъати тасвирии халқи тоҷикро инкишоф додааст. Мусаввараҳои ӯ бо зебоӣ, ҷилваи рангҳо, нозукию возеҳият ва мавзӯи пандомӯз дар санъати тасвирии ниёгон нақши тоза гузоштаанд.

Ад.: Ашрафй М.,Таджикская миниатюра. Бухарская школа XVI – ХУП вв., Д., 2011.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …