Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоҳи Муншӣ

Абдуллоҳи Муншӣ

Абдуллоҳи Муншӣ ибни Абдулқодир (1796, Малакка – 1854, Макка), нависандаи маорифпарвари Малая ва Индонезия, асосгузори насри бадеӣ ба забони малайӣ. Муншии дарбори ҳукмрони давраш буд.

Абдуллоҳи Муншӣ нахустин адиби Малая аст, ки бо маданияти Ғарб шиносоӣ дошта, онро тарғиб кардааст. Ба қалами Абдуллоҳи Муншӣ асарҳои ёддоштию публитсистии «Ҳикоёти Абдуллоҳ» (1849), «Қиссаи саёҳати Абдуллоҳ ибни Абдулқодир аз Сингапур то ба Калантон» (1849), «Қиссаи саёҳати Абдуллоҳ  ба Ҷидда» (1854) тааллуқ доранд. Абдуллоҳи Муншӣ «Кали­ла ва Димна»-ро ба забони малайӣ тарҷума кардааст (1835).

Инчунин кобед

sadi

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. …