Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоҳ ибни Тоҳир

Абдуллоҳ ибни Тоҳир

Абдуллоҳ ибни Тоҳир (соли 798, Нишопур – 845, ҳамон ҷо), писа­ри Абутаййиб Тоҳир – сеюмин амири Тоҳириён. Абдуллоҳ пас аз марги бародараш Талҳа ба аморати Хуросон нишаст. Абдуллоҳ дар замони ҳаёти падараш шаҳнаи Бағдод буд. Вай мисли падараш дар  фурӯ нишондани нооромиҳои сарзаминҳо ва қиёмҳои мулуки араб[ нақши муассир гузошт. Абдуллоҳ тавонист  шӯришҳои умарои араб, ба монанда Наср ибни Шабас (824 – 825), қиёмҳои Ироқ саркашии Убайдуллоҳ (825 – 826) ва ҷунбишҳои Мисрро фурӯ нишонад.

Абдуллоҳ соли 829 тибқи фармони халифа барои фурӯ нишондани тохтутози хавориҷ дар Хуросон ба он вилоёт фиристода шуд. Абдуллоҳ дар соли 830 ба Нишопур расид ва онро пойтах­ти худ интихоб кард. Дар муддати понздаҳ соли ҳукуматаш (830 – 845) эҳтироми аббосиёнро риоят мекард.

Халифа Муътасим (833 – 842) бар хилофи Маъмун нисбат ба Абдуллоҳ хушбин набуд. Абдуллоҳ қабл аз маргаш, илова бар Хуросон, ҳамчунин бар вилоёти Рай, Ҷибол, Мозандарон, Табаристон, Руён ва Кирмон фармонравоӣ мекард. Ҳамзамон фармондеҳи низомиёни Бағдод буд.

Сиёсати Абдуллоҳ  нисбат ба халифаи аббосӣ мусолиматомез ва дӯстона буд. Вай саъй мекард то хашми халифаро нисбат ба худ ва дудмонаш барнаангезад. Абдуллоҳ адиб ва шоир ҳам буд ва монанди падараш ба арабӣ шеър мегуфт. Ба мусиқӣ алоқа дошт ва баъзе оҳангҳоро ба ӯ мансуб донистаанд. Ӯ монанди падараш руҳияи арабӣ ва таассуб ба мазҳаби ислом дошт ва китобҳои эрониёни қабл аз исломро оташ мезад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …