Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоҳ ибни Аббос

Абдуллоҳ ибни Аббос

Абдуллоҳ ибни Аббос ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф (619 – 687), аз муҳаддисон ва муфассирони аввалӣ. Писа­ри амаки Пайғамбар (с), кунияташ Абулаббос, лақабаш «Ҳабрулуммат» (Донишманди уммат). Авлод ва хулафои Аббосиён аз насли Абдуллоҳ мебошанд.

Абдуллоҳ ҳангоми вафоти Пайғамбар (с) 13-сола буд, вале бо вуҷуди ин аз ӯ ҳадисҳои бисёре ривоят кардаанд. Ҷамъе аз оятҳои Қуръон дар асоси шарҳу тавзеҳоти Абдуллоҳ тафсир ёфтаанд.

Абдуллоҳ соли 648 бо Абдуллоҳ ибни Сарҳ ба ғазои Ифриқия баромад, дар замони хилофати Ллӣ ибни Абитолиб ҳамроҳи ӯ ба Ироқ рафт, дар ҷанги Сиффин иштирок кард, чанде ҳокими Басра буд, пеш аз вафоти Алӣ ба шаҳри Тоиф рафт ва то вафоташ (687) он ҷо монд. Убайдуллоҳ, Фазл, Кусам ва Маъбад бародарони ӯ мебошанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …