Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абдуллогӣ

Абдуллогӣ

Абдуллогӣ, навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз (то 10-12 м қад мекашад), сербар, танааш ғафс (қутраш 120 — 130 см), навдаҳояш сурхтоб. Баргаш (ҳаҷмаш 45×36 мм) дилшакли нӯгтез, дандонадор, туртури сабз. Аввали апрел гул мекунад. Мевааш лунда (вазнаш 35-40 г), зарди норинҷӣ, пӯсташ ғафси пашмакдор, хамирак ва сергушт. Донакаш калон- калон (вазнаш 3,0- 3,5г), паҳн; мағзаш пурра ва ширин. Баъди пухтан 14 – 15% қанд ва 0,8 – 0,9% туршӣ дорад.

Ниҳолаш пас аз 3 – 4 соли шинонидан самар меорад (тақрибан 85 – 90 сол мева медиҳад). Аз дарахти 90-солааш 120 кг ҳосил ғундоштан мумкин аст. Ҳосилашро тар мехӯранд, хушконида ғулинг мекунанд. Ба сармо ва камобӣ тобовар аст. Дар заминҳои санглох ва нишебиҳо хуб месабзад. Абдуллогӣ навъи зардолуи нодири водии Зарафшон буда, дарахтони ҷудогонааш дар деҳаҳои Работ, Урметану Рарзи ноҳияи Айнӣ ва баъзе деҳаҳои ноҳияи Мастчоҳ дучор меояд. Аз касалиҳои занбурӯғӣ ва ҳашароти зараррасон зарар мебинад.

Ад.: Плодовые Среднего Таджикистана, Л., 1935;Костина К. Ф., Абрикос, М., 1936.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …