Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоева Гулсар

Абдуллоева Гулсар

Абдуллоева Гулсара Сангиновна (таваллудаш 2. 2. 1948, ноҳияи, Шаҳринав), актрисаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Хатмкардаи Ин­ститути давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Москва (1971). Аз соли 1971 актрисаи Театри давла­тии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов. Абдуллоева образоро содаву самимӣ ва бо маҳорати баланд меорад.

Дар саҳнаи театр бештар аз 100 рол офаридааст, ки беҳтаринашон инҳоанд: Сайёрахонум («Робиаи Балхь»-и А. Атобоев, 1974), Васса Железнова («Васса Железнова»-и М. Горкий, 1976), судя-модар («Арӯс ва домод»-и М. Байчиев, 1983), Попоян («Ҳамин тавр ҳам мешавад»-и В. Назаров, 1985), Ситорабону («Ибни Сино»-и Ш. Қиёмов) ва ғайра. Абдулоева яке аз беҳтарин офарандагони симои модар дар саҳнаи театр ва кинои тоҷик мебошад. Ӯ симои модаронро хубу табиӣ офарида, меҳру муҳаббати бепоён ва олами маънавии онҳоро бо маҳорати баланд мекушояд.

Модароне, ки Абдуллоева симояшонро офарида­аст, муборизу фаъоланд, одамонро ба ободоиии Ватан, сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат даъват менамоянд. Махсусан муроҷиати модар ба оламиёи дар иҷрои ӯ самимию таъсирбахш садо медиҳад. Мисоли равшани ин симои модар аз пйесаҳои «Ҳалокати умед»-и Г. Гейерманс (1971), «Модар»-и К. Чапек (1975), «Суруши Сталинград»-и, Ш. Қиёмов (1982), «Сухани вопасин»-и Н. Ҷалолов (1986), «Гумроҳ»-и М. Хаёлов (1987), монологҳои «Муроҷиати модар»-и Ш. Муҳаммадиев, «Фиғони модар»-и А. Низомов, «Ашкҳои сӯзон»-и Д. Раҳмонов, шеъри «Модари амрикоӣ»-и Г. Сафарзода ва ғайра шуда метавонанд.

Абдуллоева дар намоишҳои театрии телевизион иштироки фаъол дорад. Актрисаи соҳибистеъдоди кинои тоҷик низ мебошад. Ӯ дар филмҳои тоҷикӣ бештар аз 70 рол бозидааст: Гулшан («Чор нафар аз Чорсанг», 1972, реж. М. Крсимова), Ойша («Ҳеҷбудагон …», 1973, реж. Т. Собиров), Гулбаҳор ва модар («Панҷ на­фар дар пайроҳа» ва «Шераки ҷасур», 1975, 1976, реж. М. Маҳмудов), Хосият («Ҷумъаи ҳафтум», 1979, реж. Овчаренко), модар («Ӯ хушдори ман аст», 1985, реж. М. Қосимова), мо­дар (силсилафилми телевизионии «Ширин», 2004), зани директори мактаб («Нишони зиндагӣ», 2006, реж. С. Қодирӣ), Ҷамила (силсилафил­ми «Шумқадам»-и 3. Содиқ ва Ш. Солех, 2009), Бибиойиша («Падруду пайғом»-и Сайф Раҳим, 2009), модар («Модар-Замии»-и И. Машрабов 2009), модар («Гули санг»-и М. Карим ва Ҳ. Сангинов) ва ғайра. Абдуллоева дар Кинофес­тивали тоҷик (1986) беҳтарин актриса дониста шуд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …