Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоева Бибизумрад

Абдуллоева Бибизумрад

Абдуллоева Бибизумрад (1919, деҳаи Куркати ноҳияи Нов – ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1957). Колхозчӣ, сардори звено ва бригадаи колхози ба номи Телмани ноҳияи Колхозобод (1937 -1972).

Аз соли 1973 нафақагири шахсӣ буд. Абдуллоева солҳои 1948 – 1950 аз ҳар га замин 35 – 41 сентнер ҳосили пахтаи маҳиннах рӯёнд. Бо ду ордени Ленин, орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фах­рии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …