Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоев Воҳид

Абдуллоев Воҳид

Абдуллоев Воҳид Абдуллоевич (15. 5. 1912, Самарқанд – 30. 7. 1985), адабиётшинос, акад. АИ Ӯзбекистон (1966). Институти педагогии Фарғонаро хатм кардааст (1932). Солҳои 1935-1943 дар институтҳои педагогии Бухоро ва Самарқанд, солҳои 1944 – 1969 дар Университи давлатии ба номи Навоии шаҳри Самарқанд мудири кафедраи ада­биёти ӯзбек буд.

Аз соли 1963 ректори ҳамин донишгоҳ. Абдуллоев доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Алишери Навоӣ, адабиёти ӯзбек ва густариши он дар Хоразм, таърихи адабиёти асрҳои 17-18 ӯзбек ва ғайра машғул шудааст. Дар бароба­ри тадқиқи адабиёти ӯзбек Абдуллоев оид ба масъалаҳои равобити адабии тоҷику ӯзбек, баъзе намояндагони адабиё­ти халқҳои Осиёи Миёна мақолаҳову рисолаҳо таълиф намудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …