Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Сайфулло

Абдуллоев Сайфулло

Абдуллоев Сайфулло (1899, Хоруғ – 1938), ходими ҳизбию давлатии Тоҷикистон. Аз муборизони барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Солҳои 1912-1915 дар мактаби русии маҳаллии шаҳри Хоруғ таҳсил кардааст. Солҳои 1916-1918 дар хизмати армияи подшоҳӣ дар Помир буд.

Баъди ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Помир солҳои 1918 – 1926 аввал дар сафи отрядҳои револютеионӣ узви комиссияи фавқулода оид ба муборизаи зидди ҳаракати аксулинқилобӣ, ҳаннотӣ ва балвогарӣ, баъд раиси Комитета револютсионии ВМКБ, 1926 – 1928 мудири шӯъбаи тарғиб ва ташвиқи Бюрои ташкилоти ПК (б) Ӯзбекистон дар РАСС Тоҷикистон, прокурори ВМКБ буд.

Соли 1928 ВКП (б) Абдуллоев дар вазифаи ҳизбӣ (ҳизби коммунист) ба корхонаҳои саноатии Урал фиристод. Солҳои 1929 – 1936 котиби масъули Комитета ҳизбии округи Ҳисор, мудири шӯъбаи кадрҳои КМ ПК (б) Тоҷикистон, комиссари халқии зироати ре­спублика, котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, раиси Комиссияи Марказии назорат ва комиссари Инспексияи коргару деҳқон, 1936 – 1937 котиби дуюми КМ ПК (б) Тоҷикистон Борҳо аъзои КИМ-и РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотони  дашудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …