Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Сайдулло

Абдуллоев Сайдулло

Абдуллоев Сайдулло (18. 2. 1945, Хуҷанд – 12. 5. 2001 ҳамон ҷо), муаррих, доктори илмҳои таърих (1996), профессори (1994). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998). Хатм­кардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1967). Солҳои 1967 – 1974 муаллим, муаллими калон, 1974 – 1992 дотсент, муовини декан, декани факултети таърихи ҳамин донишкада, 1992 – 1995 ноиби ректор ва аз соли 1995 то охири умр ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров буд.

Абдуллоув доир ба масъалаҳои рушди илм, маорифу фарҳанг дар Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ зиёда аз 350 таълифоти илмӣ, илмӣ – оммавӣ ва публитсистӣ ба табъ расондааст. Перомуни ҳаёту фаъолияти фарзандони номвари миллат Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон китобу рисолаҳои ҷолиб навиштааст.

Ос.: Фидоии илму маърифат, X., 1997; Фарзанди замон, X., 1997; Рост культуры Таджики­стана в 30-е годы, X., 1998; Академик Бобоҷон Ғафуров, X., 1998; Амир Исмоили Сомонӣ, X., 1998; Амироии Сомонӣ, X., 1999; Илм ва фарҳанги Тоҷикистон дар нимаи аввали қарни XX.

X., 1999; Нақши умр, X., 2002.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …